Мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Аз таърихи 3-юми ноябри соли ҷорӣ 4 даври мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон муайян гардид.Тавре ки иттилоъ доданд, даври 23-юм 3-юми ноябр байни дастаҳои «Парвоз» — «Зарафшон», «Гвардия» — «Истаравшан», «Равшан» — «Хайр» ва «Вахш» — «Ҳосилот» ва 4-уми ноябр миёни дастаҳои ССКА «Помир» — «Регар-ТадАЗ», «Энергетик» — «Истиқлол» доир мегардад.Даври 24-ум рӯзҳои 7 ва 8-уми ноябр байни дастаҳои «Хуҷанд» — «Парвоз», «Зарафшон» — «Гвардия», «Ҳосилот» — «Хайр», «Вахш» — ССКА «Помир», «Истаравшан» — «Энергетик», «Истиқлол» — «Равшан» муайян гирдидааст.Ҳамчунин даври 25-ум миёни дастаҳои «Гвардия» — «Хуҷанд», «Энергетик» — «Зарафшон», «Парвоз» — «Регар-ТадАЗ», ССКА «Помир» — «Ҳосилот», «Хайр» — «Истиқлол» ва «Равшан» — «Истаравшан» рӯзҳои 12 ва13-уми ноябр ба таъхир гузошта шудааст.Дар даври охири мусобиқа 17 ва18-уми ноябр дастаҳои «Хуҷанд» — «Энергетик»,«Вахш» — «Парвоз», «Регар-ТадАЗ» — «Гвардия», «Зарафшон» — «Равшан», «Ҳосилот» — «Истиқлол» ва «Истаравшан» — «Хайр» байни ҳам сабқат хоҳанд намуд.Манбаъ афзуд, ки мусобиқа ба хотири дарёфти унвони қаҳрамони Тоҷикистон сурат мегирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






