Пешгирии нашъамандӣ ва СПИД дар Хоруғ
Душанбе, 28 ноябр.(АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзод.)- 26 ноябр дар толори Хадамоти тандурустии Оғохони шаҳри Хоруғ бо ташаббуси кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) ва иштироки намояндагони раёсатҳои вилоятии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, фарҳанг, маориф, Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятии «Волонтёр» ва «Қалам» дар мавзуи «Пешгирии нашъамандӣ ва СПИД» мизи мудаввар доир гардид.Ширкаткунандагон мушкилоти вазъи нашъамандӣ дар ВМКБ, инчунин доир кардани чорабинии оммавию фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи байнахалқии мубориза бар зидди СПИД-ро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз сомонаи АНМН Ҷ.Т хабар доданд, қарор дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо тамоми ниҳодҳои дахлдор дар маркази шаҳри Хоруғ бо иштироки доираи васеи аҳолӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо СПИД як силсила чорабиниҳо гузаронида шаванд. Ширкаткунандагон аз густариши нашъамандӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ба ин падидаи фалокатовар изҳори нигаронӣ карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






