Ҷаласаи навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар»). – 5 декабр дар бинои Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи иҷроия баргузор гардида, дар ҷараёни он натиҷаи соли ҷорӣ ҷамъбаст ва дурнамои соли 2013 баррасӣ шуд. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни сарсуханаш аъзои Кумитаи иҷроияро бо анҷоми мавсим муборакбод намуда, ба ҳозирон барои фаъолияти самарабахшашон изҳори миннатдорӣ кард. Ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Валерий Турсунов зикр намуд, ки Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё дар мусобиқот барои дарёфти ҷоми Конфедератсия иштирок намудани ду клуби кишвар — «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб ва «Регар – ТадАЗ» — и шаҳри Турсунзодаро тасдиқ намуд.Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни суханрониаш як қатор ҷиҳатҳои манфии доварони мусобиқотро қайд намуд. Мувофиқи суханони ӯ, Федератсияи футболи Тоҷикистон аз соли оянда ба бозиҳои алоҳидаи ҷиддии мусобиқот (масалан, «Равшан» — «Истиқлол», «Регар – ТадАз» ё «Регар – ТадАз» — «Равшан»), аз ҷумла ба бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми кишвар бо ризоияти худи дастаҳо доварҳои хориҷиро даъват менамояд. Узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти клуби «Регар – ТадАЗ» Шариф Назаров ин ташаббуси Рустами Эмомалиро дастгирӣ намуд. Дар ҷаласа ҳамчунин масоили додани иҷозатномаҳо ба клубҳои футболи кишвар, қоидаи сабти футболбозони хориҷӣ, муоинаи тиббии иштирокдорони мусобиқот, ташкили курсҳо ва семинарҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон барои такмили ихтисоси мураббиҳо ва доварҳои ҷумҳурӣ дар соли 2013 ва масъалаҳои дигар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






