Афзоиши ангишти «Шахтаи Фон Яғноб»
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти Корхонаи фаръии ангишти «Шахтаи Фон Яғноб» ва вазъи таъминоти корхонаҳои саноатии мамлакат бо ангиштсанг машварати корӣ баргузор гардид. Тавре ки таъкид гардид, имсол Корхонаи фаръии ангишти «Шахтаи Фон Яғноб» бо назардошти афзудани талаботи хоҷагии халқи мамлакат ба ангишт истихроҷи онро афзун намуда, ба 157 ҳазор тонна расонид, ки нисбат ба нақша 2,7 маротиба зиёд мебошад.Оқил Оқилов барои таъмини бемамониат ва саривақтии корхонаҳои бузурги саноатии мамлакат бо ангишт, ба роҳ мондани ҳамкории корхонаҳои саноатии мамлакат бо конҳои истихроҷи ангишт ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли ангиштсанг дар мамлакат ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.Хотиррасон бояд кард, ки аз соли 2007 зиёда аз 150 корхонаи хурду бузурги саноатии мамлакат бо истифода аз ангишт фаъолияти худро ба роҳ монда, асосан аз ангишти Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон Яғноб» истифода мебаранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






