Дар Аличӯл хонаҳо гарманд

Декабрь 24, 2012 15:25

Хоруғ, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Ҷамоати деҳоти Аличӯли ноҳияи Мурғоб яке аз мавзеъҳои сардтарини вилоят ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия соли ҷорӣ муассисаҳои таълимию тиббии ин ноҳияро сари вақт бо маводи сӯхт пурра таъмин намуд. Ба гуфтаи раиси ҷамоат С. Эгамбердиев имсол таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои маорифу тиббӣ бо маводи сӯхт нисбат ба солҳои гузашта беҳтар гардидааст.  Ба ҷамоати деҳот беш аз 280 тонна ангиштсанг интиқол дода шуд. Боғчаҳо низ бо ангиштсанг пурра таъминанд. Кӯдакон ҳамарӯза бо хӯроки гарм таъмин мебошанд. Онҳо дар ин ҷо таълими ибтидоӣ низ мегиранд.

Декабрь 24, 2012 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад