Дар кишвар қонуни чарогоҳ қабул мегардад

Декабрь 24, 2012 17:12

Душанбе, 24 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки ояндаи наздик парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ»-ро қабул намояд. Ин лоиҳаи қонун имрўз дар ҷаласаи Шўрои палатаи поёнии парлумони кишвар, ки дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, матраҳ шуд.Зикр гардид, ки қабули лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти дурнамои бахши кишоварзӣ дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ ва паррандапарварӣ мусоидат менамояд. Бояд тазаккур дод, ки дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» сохторҳои дахлдори Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷалб шуда, дар 8 мизи мудаввар мукаммал ва муҳокима гардидааст. Саиди Ёқубзод -раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумони мамлакат зимни шарҳи лоиҳаи қонун гуфт, ки лоиҳаи қонун аз ҷониби гуруҳи калони вакилон Маҳмадалӣ Ватанов, Убайдулло Давлатов, Амир Қарақулов, Маҳмадшариф Ҳақдодов, Насрулло Маҳмудов, Акрамшо Фелалиев ва Зиёратшо Саъдулло таҳия гардидааст.Таъкид шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз муқаррароти умумӣ, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ваколати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот, истифодаи чарогоҳ ва назорати давлатӣ иборат буда, дар он асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии идора ва истифодаи самараноки чарогоҳ ба танзим дароварда мешаванд.

Декабрь 24, 2012 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар