Мулоқот бо роҳбарияти ХФМ Русия
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – Чанде пеш дар шаҳри Маскав мулоқоти роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР Асрор Одинаев бо муовини роҳбарияти Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия Анатолий Кузнетсов баргузор гардид. Тавре ки хадамоти матбуоти намояндагӣ хабар дод, зимни мулоқот масоили буду боши қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Русия, аз ҷониби мақомоти минтақавии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дастраси муҳоҷирон намудани санадҳои иҷозатдиҳанда ва масъалаҳои дигар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Асрор Одинаев ба муҳосиби худ аз фаъолияти намояндагӣ дар амри ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва ҳамкорӣ бо мақомоти минтақавии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ва ғайра нақл кард.Анатолий Кузнетсов дар навбати худ қайд намуд, ки он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки иҷозатномаҳои қонуниро барои фаъолияти меҳнатӣ ба даст овардаанд, мутобиқи қонунгузории Русия метавонанд мӯҳлати иқомати худро дар ҳудуди Русия ба муддати то 1 сол тамдид кунанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






