Мусобиқаи мубоҳисавӣ дар Суғд

Декабрь 7, 2012 17:14

Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар» Саидэҳсони Солеҳ),- 9 декабр Маркази бозори озоди Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Фонди пажуҳишҳои иқтисодии «Атлас» ва Фонди Фридрих Науманн бори аввал сабқати мубоҳисавии иқтисодии минтақавии «Ҷоизаи бозори озод — Суғд 2012»-ро баргузор мекунад. Он ба мавзуъҳои иқтисодию масоили андозбандӣ, танзими давлатии иқтисодӣ, савдои байналмилалӣ бахшида шуда ва барои ҷавонони вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ мешавад. Ҳадаф аз чорабинии мазкур афзун кардани донишҳои иқтисодии ҷавонон тавассути гузаронидани мубоҳисаҳо дар мавзуъҳои алоҳида мебошад. Сабқат аз рӯйи формати парламентии амрикоӣ сурат мегирад. Мубоҳисаҳои ҷавонон яке аз усулҳои самараноки омӯзиши ғайрирасмӣ буда, барои гирифтани донишу малакае, ки дар ҷомеаи демократӣ заруранд, равона шудаанд. Дар ин бора Ҷовид Муқим, корманди масъули Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Декабрь 7, 2012 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад