663,6 млн. сомонӣ –қарз ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон

Январь 22, 2013 16:49

Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон 15 январ зикр намуд, ки ҳарчанд ки дар соли 2012 аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда (6,2 миллиард сомонӣ) беш аз 50 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, вале ин ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.  Бинобар ин Сарвари давлат ба Бонки миллӣ ва БДА “Амонатбонк”, инчунин бонкҳои тиҷоратӣ супориш дод, ки ба масъалаи васеъ ба роҳ мондани қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла ба соҳибкорони ноҳияҳои дурдасту куҳистони мамлакат аҳамияти зарурӣ диҳанд, зеро истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, ҳарчи бештар ба истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ, ташкили коркарди пурраи ашёи хоми ватаниву партовҳои истеҳсолӣ ва дар ин асос ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои воридотивазкунандаву ба содирот нигаронидашуда, инчунин диверсификатсияи истеҳсолот аз ҷумлаи роҳҳои вусъатбахшии рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷабор Ширинов зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳибкорони истеҳсолӣ 1,5 фоиз афзудааст. — Яке аз самтҳое ки мо доим ҳаракат мекунем ба он диққат диҳем, ҳарчи бештар рӯ ба истеҳсолот ва корхонаҳои истеҳсолӣ овардан ва онҳоро маблағгузорӣ кардан ҳаст. Дар ҳолате ки мо факат ба бонкҳо такя кунем, мебинем, ки ҳаҷми маблағҳое, ки бонкҳо доранд, хеле кам ҳаст. Он маблағҳо барои пеш бурдани истеҳсолот хеле гарон ҳастанд.  Қисми асосии маблағгузории бонкӣ тақрибан 5,7 млрд. сомонӣ ҳаҷми маблағгузориҳои қарзист ва худи миқдори амонатҳо 4,6 млрд сомониро ташкил мекунад.   Вазифаи мо- ин шикастани ҳамин раванд аст, барои он ки ба истеҳсолот маблағ равад, аз ҳама асосӣ- ин маблағҳо бояд хеле арзон ва дарозмуддат бошанд. Аз рӯи иттилои А. Ширинов дар давраи ҳисоботӣ 6,8 млрд. сомонӣ қарз дода шудааст,ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 4,6 фоиз зиёд аст. Бояд гуфт, ки ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба соли пеш 33,7 фоиз зиёд шуда, 3,2 млрд. сомониро ташкил дод. Аз ҷумла, ба ноҳияи дурдасти куҳистон 663,6 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2011 28,2 фоиз зиёданд. Мо дар ин соҳа кор хоҳем кард, то ин ки ба мардум маблағҳои дарозмуддат пешниҳод намоем.

Январь 22, 2013 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст