Гулмоҳии Ромит ба кишварҳои ҷаҳон роҳ меёбад
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи рушди моҳипарварӣ дар кишвар» соли гузашта аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки бо ин маблағ 250 адад тӯри моҳидорӣ аз Федератсияи Русия ва 372, 7 ҳазор дона моҳичаи хушзот аз ҶСК «Суғдмоҳӣ»-и шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд харид гардида, ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ тақсим шуд,- таъкид намуд вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов дар нишаст бо рӯзноманигорони ВАО. Ҳамчунин зикр шуд, ки дар ояндаи наздик онҳо нақша доранд, ки гулмоҳии Ромитро дар кишварҳои ҷаҳон ба фурӯш гузоранд. Дар айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 8 адад хоҷагии калон ва 150 адад хоҷагии деҳқонии моҳипарварӣ фаъолият дошта, то 1- уми декабри соли гузашта истеҳсоли моҳӣ ба 656, 2 тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 112 тонна зиёд мебошад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






