Нақши назарраси соли 2012 дар ҳаёти сокинони шаҳри Роғун
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо иштироки раиси шаҳр, муовинон ва хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишаст натиҷаҳои фаъолияти кормандони мақомот дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баррасӣ гардид. Раиси шаҳри Роғун Шариф Шарифов зимни нишаст зикр кард, ки онҳо тӯли соли сипаригардида фаъолияти кории худро хуб ба роҳ монда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии рӯзгори сокинони шаҳр кӯшиши зиёд намуданд. Дар нишаст зикр шуд, ки музди миёнаи моҳонаи кормандон дар соли 2012 ба 1100,5 сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 31,7 сомонӣ зиёд мебошад. Барои пӯшонидани хароҷоти қувваи барқ ба 139 нафар узви оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ ва ба 930 нафар хонанда ба маблағи 18,6 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ пардохта шуд. Соли равон таъмири асосии биноҳои баландошёна ва сохтмони бинои безараргардонии об дар обанбори шаҳрӣ ба маблағи 151 ҳазор сомонӣ ба иҷро расид. Дар соли 2012 38 чорабинии фарҳангию варзишӣ гузаронида шуда, дар маркази шаҳр ва шаҳраку деҳот майдончаҳои варзишӣ барои волейбол ва футболи хурд сохта шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






