Шаҳринав обод мешавад

Январь 31, 2013 15:12

Шаҳринав, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дар мавзеи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав пармакунии чоҳ ба зиёда аз 5 ҳазору 513 метр расид,- иттилоъ дод раиси ноҳияи Шаҳринав Исматулло Зайдов зимни нишасти хабарӣ. Тибқи нақша пармакунии чоҳ то моҳи марти соли ҷорӣ бояд ба анҷом расад. Кофтукови кони мазкур тибқи Созишномаи байнидавлатӣ миёни Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мешавад. Раиси ноҳия дар бораи бурду бохти заҳматкашони ноҳия дар соли сипаригардида маълумоти муфассал дод. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки дар давраи сипаригардида 480 тонна нахи пахта, 220 ҳазор дона хишти сохтмонӣ, 6615 метри кубӣ қуму шағал, 397,1 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои мевагӣ ва сабзавотӣ, 20 тонна равғани растанӣ, 12,7 тонна маҳсулоти ширӣ, 7923 тонна орд ва маҳсулоти нонӣ истеҳсол шудааст. Дар ҳудуди ноҳия дар масоҳати 133 гектар боғу токзори нав бунёд шуд, ки иҷрои дурнамо 104 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз муовинони раис, кормандони сохторҳои гуногун ҷавобҳои қаноатбахш дарёфт намуданд.

Январь 31, 2013 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид