ВТ : Дар ҷумҳурӣ авҷи бемории сил боздошта шуд

Январь 10, 2013 15:33

Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар ҷумҳурӣ авҷи минбаъдаи бемории сил боз дошта шуда, мувофиқи омори расмии Вазорати тандурустӣ беморшавӣ дар соли 2007 – 85,1 ва дар соли 2012 тибқи нишондиҳандаи пешакӣ 71,7 ба 100 000 аҳолӣ баробар шудааст. Нишондоди фавт мутаносибан соли 2007 6,3 ва дар соли 2012 тибқи нишондиҳандаи пешакӣ 4,0 ба 100 000 аҳолӣ баробар шудааст. Вазорати тандурустӣ бо мақсади сари вақт ошкор кардани бемории сил, аз ҷумла сили шакли мутобиқгашта ва дигар бемориҳои сироятӣ, дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо озмоишгоҳи Ассотсиатсияи Мерёи давлати Фаронса, бо дастгирии Хазинаи глобалӣ оид ба назорати бемориҳои сил, ВНМО/БПНМ ва вараҷа дар ҳудуди Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология озмоишгоҳи минтақавии тандурустии ҷамъиятии ба номи Рудолф Мерёро бо маблағи 2 838 347 доллари ИМА бунёд кард. Бояд зикр кард, ки чунин озмоишгоҳи замонавӣ ва пуриқтидор то ҳол дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил арзи вуҷуд надорад.

Январь 10, 2013 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад