ВТ : Дар ҷумҳурӣ авҷи бемории сил боздошта шуд
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар ҷумҳурӣ авҷи минбаъдаи бемории сил боз дошта шуда, мувофиқи омори расмии Вазорати тандурустӣ беморшавӣ дар соли 2007 – 85,1 ва дар соли 2012 тибқи нишондиҳандаи пешакӣ 71,7 ба 100 000 аҳолӣ баробар шудааст. Нишондоди фавт мутаносибан соли 2007 6,3 ва дар соли 2012 тибқи нишондиҳандаи пешакӣ 4,0 ба 100 000 аҳолӣ баробар шудааст. Вазорати тандурустӣ бо мақсади сари вақт ошкор кардани бемории сил, аз ҷумла сили шакли мутобиқгашта ва дигар бемориҳои сироятӣ, дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо озмоишгоҳи Ассотсиатсияи Мерёи давлати Фаронса, бо дастгирии Хазинаи глобалӣ оид ба назорати бемориҳои сил, ВНМО/БПНМ ва вараҷа дар ҳудуди Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология озмоишгоҳи минтақавии тандурустии ҷамъиятии ба номи Рудолф Мерёро бо маблағи 2 838 347 доллари ИМА бунёд кард. Бояд зикр кард, ки чунин озмоишгоҳи замонавӣ ва пуриқтидор то ҳол дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил арзи вуҷуд надорад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






