Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Украина
Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори навтаъйини Украина дар Тоҷикистон В.Никитюк баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика , соҳаҳои мошинсозӣ, саноати сабук, маводи сохтмон, саноати хӯрокворӣ ҳолати кунунӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.«Ҳамкориҳои дуҷонибаи мо асосан аз густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ вобаста буда, дар ин самт кор бурдани мақомот ва сохторҳои марбута, аз ҷумла дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Украина мувофиқи мақсад мебошад» — гуфт Гул Шералӣ.«Ҷониби Украина ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ арзёбӣ намуда, изҳори итминон намуд, ки минбаъд низ чунин ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун густариш хоҳанд ёфт» — зикр кард сафир. Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






