Рӯзи нерӯгоҳҳои барқии хурд дар Тоҷикистон

Февраль 25, 2013 16:07

Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — 27 феврали соли 2013 бахшида ба «Рӯзи нерӯгоҳҳои барқии хурд дар Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе дар маҷлисгоҳи Созмони бехатарӣ ва ҳамкорӣ бо Аврупо (ОБСЕ) гузаронидани машварат дар мавзӯи «Рӯзи нерӯгоҳҳои барқии хурд дар Тоҷикистон: таҷриба ва пешравӣ» дар назар аст.Машварат таҳти сарпарастии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии намояндагии Созмони бехатарӣ ва ҳамкорӣ бо Аврупо (ОБСЕ) ва барномаи «Рӯзи нерӯгоҳҳои барқии хурд дар Тоҷикистон» ташкил шудааст. Дар машварат Консепсияи ҷалби сармоя ба нерӯгоҳҳои хурди Тоҷикистон муаррифӣ гардида, масъалаҳои пешбинии рушди нерӯгоҳҳои барқии хурди Тоҷикистон, натиҷаҳои корҳои баанҷомрасида ва ҳалли онҳо дар самти рушди нерӯгоҳҳои барқии хурди Тоҷикистон ва пешравии чорабиниҳо оид ба тараққиёти бахши нерӯгоҳҳои хурд дар оянда мавриди баррасӣ қарор мегирад.Дар машварат намояндагони мақомоту идораҳои расмӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, Созмони бехатарӣ ва ҳамкорӣ бо Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон, Маркази рушди нерӯгоҳҳои барқии хурд, ШСХК «Барқи тоҷик», Бонки байналмилалӣ, ширкати «Помир энерҷи», Барномаи норвегию — тоҷикии «Рушди нерӯгоҳҳои барқии хурд дар Тоҷикистон», Барномаи рушди ташкилотҳои байналмилалӣ (ПРООН), Ташкилоти байналмилалии молиявӣ (МФК) иштирок хоҳанд кард.Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Февраль 25, 2013 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад