Созишномаи навбатӣ дар соҳаи муҳоҷират

Февраль 7, 2013 15:49

Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Пагоҳ, 8 феврали соли ҷорӣ дар Маскав байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия Созишнома дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия ба имзо мерасад.   Дар асоси ин Созишнома шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави ФР қарор доранд, аз қайдгузорӣ дар мақомоти дахлдори ФР ба муддати 15 рӯз озод мегарданд. Бояд гуфт, ки муҳлати бақайдгирӣ барои шаҳрвандони ҶТ барои имрӯз дар қаламрави ФР то 7 рӯз мебошад. Ба Созишномаи мазкур сардорони сохторҳои муҳоҷирати ду кишвар- сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев ва роҳбари Хадамоти муҳоҷирати Федеролии Русия Константин Ромодановский имзо хоҳанд гузошт. Бо ин мақсад имрӯз сардори ХМ ҶТ С.Девонаев ба Маскав сафар намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд.

Февраль 7, 2013 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад