Таъсиси Шӯрои машваратӣ дар водии Рашт
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 7 феврал миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо Меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба Меморандум раиси кумитаи мазкур Давлаталӣ Саидов ва муовини роҳбари САҲА Х.П. Ларсен имзо намуданд.Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мувофиқи Меморандуми мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар минтақаи Рашт (Ҷиргатол, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Тавилдара) таъсис дода мешавад, ки дастгирии техникии онро ҷониби САҲА ба уҳда дорад.Бояд гуфт, ки мақсад аз таъсиси шӯрои машваратӣ мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






