«Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр гардид
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Гузориш «Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси таҳлили маълумоти фаврӣ, аз ҷумла воқеӣ, андозу буҷа, молия, бахшҳои хориҷӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иттилооти мухтасар оид ба мамлакатҳои ИДМ омода шудааст. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии омор иттилоъ доданд, сарчашмаи асосии иттилоот барои гузориш маълумоти расмие, ки мақомоти омор аз корхонаҳо, ташкилотҳо ва аҳолӣ бо усули фарогирии пурра, тадқиқоти интихобӣ ва дигар шаклҳои мушоҳидаҳои оморӣ гирифтаанд, инчунин маълумоти вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва бо методологияи мувофиқашудае, ки муқоисакуниҳои байналмилалиро таъмин менамояд, ба ҳисоб гирифта шудаанд. Гузориш барои мақомоти идораи давлатӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ, оморчиён, иқтисодчиён, кормандони илмӣ, мутахассисоне, ки ба маълумоти оморӣ дар бораи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ доранд ва дигар истифодабарандагон омода гардидааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






