Истифодаи захираҳои ҳавзаи оби Исфара
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»). – Намояндагони бахшҳои хоҷагии об, ҳифзи табиат, санитарию эпидемиологӣ, иқтисодӣ, ҳамчунин маъмурияти маҳаллӣ дар шаҳри Хуҷанд масоили истифодаи захираҳои оби ноҳияи Исфараро мавриди муҳокима қарор доданд.Тавре ки аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, ин чорабинӣ дар ҳошияи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Дастгирии созмонҳои хоҷагии об ва ҳавзаҳои Осиёи Марказӣ» баргузор шуд. Лоиҳаи мазкурро Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон аз рӯи барномаи «Истифодаи захираҳои оби наздисарҳадии Осиёи Марказӣ» дар амал татбиқ менамояд.Барнома ҷиҳатҳои мухталифро аз ташаккули феҳрасти масоили ҳавзаи об то ҷалби ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ба раванди тарҳрезиро дар бар мегирад. Иштирокдорони ҷамъомад ҳамчунин сохтор, мазмун ва дурнамои ҳавзаи оби ноҳияи Исфараро мавриди муҳокима қарор дода, вазъи ҳозираро таҳлил намуда ва номгӯи масоилу дархостҳои марбут ба ҳавзаи обро муайян мекунанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






