Мулоқоти Э.Раҳмон бо Муовини аввали ВКХ Мамлакати Арабистони Саудӣ

Март 29, 2013 11:31

Душанбе, 29 март (АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Гуфтугӯйи ҳамкории Осиё як қатор иштирокдорони воломақоми ҷаласаро ба ҳузур пазируфт.Зимни вохӯрӣ бо Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Шоҳзода Абдулазиз ибни Абдуллоҳ оли Сауд масоили густариши ҳамкорӣ бо ин кишвари соҳибнуфузи олами ислом баррасӣ шуд.“Тоҷикистон ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Мамлакати Арабистони Саудӣ аҳамияти хоса медиҳад ва қаноатмандем, ки равобити сиёсии мо, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, бар асоси эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ сурат мегирад”, -изҳор дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки “мо инро хеле арзишманд медонем».Гуфтугӯйи созанда доир ба робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт.Зарурати татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии мавҷуда, фаъолияти бештари комиссияи муштараки байниҳукуматии ду кишвар ва тавофуқоти муҳиме, ки зимни форуми дуюми соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ моҳи июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба даст омада буд, таъкид гардид.Ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар созмонҳо табодули назар карда шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 29, 2013 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад