Нахустин ҷаласаи Комиссияи давлатии татбиқи моратория

Март 29, 2013 10:18

Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 28 марти соли ҷорӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ доир гардид. Раиси кумита, раиси Комиссияи давлатии татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ Давлаталӣ Саидов дар оғози ҷаласа оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ изҳори назар намуд. Бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2011 “Дар бораи эълон намудани моратория ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба тасвиб расид.Мувофиқи фармони мазкур ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва ё техникаю технологияҳои навинро барои васеъ намудани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамоянд ба муҳлати се сол моратория эълон гардид. Дар асоси Фармони мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012 “Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” қабул шуда, ҷиҳати татбиқи Қонун бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013 Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ таъсис дода шуд. Дар ҷаласа номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки бо мақсади гирифтани шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ба Комиссияи давлатии татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ пешниҳод мешаванд, тасдиқ ва котиби масъули Комиссияи номбурда интихоб шуд.

Март 29, 2013 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад