Мулоқоти Э.Раҳмон бо Ноиби аввали президенти ширкати Тотал
Душанбе, 11 апрел (АМИТ «Ховар»).-Масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, ҳамчунин дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби аввали президенти ширкати Тотал Майкл Боррел баррасӣ шуд.Тавре зикр гардид, ин ширкат тасмим дорад, дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ба корҳои геологию ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ машғул бошад.Фаъолияти худро ин ширкат дар ҳамкорӣ бо Ширкати миллии нафтии Чин (CNPC) ва ширкати Тетис петролиум ба роҳ мемонад.Чунонки зикр гардид, захираҳои нафту газ дар ҳавзаи Бохтар ё худ Амударё, ки майдони 35 ҳазор километри мураббаи қисмати ҷанубу ғарби вилояти Хатлонро дар бар мегирад, хеле фаровон аст ва мавриди истихроҷу коркард ва содирот қарор гирифтани он боиси ҷаҳиши бузург дар рушди иқтисодии Тоҷикистон ва минтақа хоҳад шуд. Ин кор, ҳамчунин боиси муҳайёшавии ҳазорон ҷойҳои нави корӣ хоҳад шуд.Ин шарикони сегона дар ояндаи наздик барои идомаи корҳои омӯзишӣ ва оғози пармасозӣ 80 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карданианд.Онҳо аз вуҷуди захираи фаровони нафту гази ин минтақа ва ҳамчунин вуҷуди бозори фарохи фурӯши маҳсулоти нафту газ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Чин умедвориҳои зиёд доранд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






