«Об, санитария ва гигиена»- модули таълимӣ
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Чанде пеш дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон бо ибтикори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид барои омӯзгорони синфҳои ибтидоии мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо мақсади аз озмоиш гузаронидани модули таълимии «Об, санитария ва гигиена» ва такмили он аз рӯи барномаи мушаххас семинари амалӣ ташкил шуд. Дар семинар бо мақсади муайян намудани сатҳи донишу фаҳмиш ва мавқеи омӯзгорон дар бораи барномаи мазкур мубоҳисаи интерактивӣ ва муҳокимаронӣ доир шуд. Иштирокчиён аз рӯи методи инсерт бо модули таълимӣ мустақилона шинос шуда, андешаҳои хешро оид ба ҳифзи об ва роҳҳои тоза нигоҳ доштани он, тозагии муҳити атроф ва муҳимияти он, мафҳуми беҳдошти шахсӣ ва фаъолиятҳои пешбинишуда изҳор намуда, модули мазкурро ҳаматарафа дастгирӣ намуданд. Аз натиҷаи ниҳоии семинари амалӣ маълум шуд, ки омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Бохтар масъалаҳои мазкурро хуб азхуд ва дуруст арзёбӣ кардаанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






