Қадрдонии мутахассисон дар Рӯзи ҷаҳонии метрология
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). –Сар аз соли 2001 ҳамасола дар ҷаҳон 20 май ҳамчун Рӯзи метрология қайд мегардад. Ба ин муносибат имрӯз, 20 май дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию назариявӣ дар мавзӯи «Метрология ва таъмини метрологӣ: рушди метрология дар даврони соҳибистиқлолӣ» доир гардид. Дар он мутахассисони Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ва намояндагони ин соҳа аз идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, аз қабили ҶСКХ «Барқи тоҷик», КВД «Ширкати алюминии тоҷик» иштирок намуданд. Маврид ба ёдоварист, ки Рӯзи касбии метрологҳо бо назардошти имзои Конвенсияи метрӣ 20 майи соли 1875 дар Париж бо пешниҳоди ЮНЕСКО аз соли 2001 инҷониб таҷлил мегардад. Дар Агентии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки иштирокдорони конфронс мавзуъҳои марбут ба метрологияро мавриди муҳокима қарор дода, роҷеъ ба таърих ва роҳҳои рушди соҳа маърӯза карданд.Дар фарҷом собиқадорони соҳа барои саҳмашон дар рушди метрология аз ҷониби «Тоҷикстандарт» бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






