Мулоқоти Э. Раҳмон бо Муовини якуми сарвазири Шӯрои давлатии Чин
Душанбе, 21 май (АМИТ «Ховар»).-Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ, Муовини якуми сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Гаоли масоили вобаста ба татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии имзошуда ва тавофуқоти зиёди дигар, ки миёни Тоҷикистону Чин ҳосил гардидааст, баррасӣ шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз ҷиҳати ҷалби сармояи соҳибкорию хусусӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҷойи аввал баромадааст. Тавре таъкид гардид, тайи 10 соли охир ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Чин 100 баробар афзудааст.Изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд дар сатҳи ҳамшарикии стратегӣ нишондодҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар бо суръати аз ин бештар боло мераванд.Модели нави ҳамкорӣ, ки барои рушди муштараки иқтисодӣ ва шукуфоии Тоҷикистону Чин интихоб гардидааст, таҷрибаи нодиру ибратбахш ва арзандаи дастгирии доимӣ номида шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






