Мулоқоти Э. Раҳмон бо Раиси Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC) Чжоу Ҷинпин

Май 21, 2013 01:22

Душанбе, 21 май (АМИТ «Ховар»).-Раиси Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC) Чжоу Ҷинпин мулоқоти басо судбахш анҷом дод.Зимни суҳбати самимӣ масоили ба роҳ мондан ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ баррасӣ шуд.Тавре зикр гардид, ин ширкати дорои нуфузи ҷаҳонии Чин тасмим дорад дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ дар қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон иштироки фаъол дошта бошад. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати канадагии Тетис петролиум ва ширкати фаронсавии Тотал ташкил хоҳад шуд. Дар оянда ин ширкат тасмим дорад, ки содироти нафту газро аз конҳои ояндадори ин минтақа ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба роҳ монад.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Аз ин рӯз эътиборан ҳамкории Корпоратсияи миллии нафту гази Чин бо Тоҷикистон бояд ба рӯҳи ҳамшарикии стратегии ду кишвари дӯсту ҳамсоя мутобиқ карда шавад”.Пас аз анҷоми мулоқот дар ҳузури Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC) Созишномаи чаҳорчӯбавӣ оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ ба имзо расид.
 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 21, 2013 01:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид