Таҷлили 50 – солагии эҷодиёти Ҳақназар Ғоиб
Муъминобод, 21 май. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба 50 – солагии эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Дар чорабинӣ Ҳақназар Ғоиб, Хосият Вализода, Абдулҳай Қаландар, Муҳаммад Ризодшоир ва ҳунарпеша, намояндаи Анҷумани Пайванд» дар вилояти Суғд Сайёд Гулов, шоир ва муҳаққиқи адабиёти форсу тоҷики Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Кайвон Паҳлавон, адабиётшинос ва мусиқишиноси Ҷумҳурии Исломии Эрон Суҳайло Халилӣ, узви анҷумани «Пайванд» — и Ҷумҳурии Афғонистон Саид Қодири Муҷаддадӣ ва дигар шоирону нависандагон ширкат варзиданд. Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ шинос кардани мардум бо ҳаёт ва фаъолияти Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ва ба ин васила ҳамаҷониба дастгирӣ кардани Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ буд. Дар ҷараёни чорабинӣ шоирон ва меҳмонон аз эҷодиёти худ шеърҳо қироат карда, табъи ҳозиринро болида гардониданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






