Қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор каме коҳиш ёфтанд
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова) — Қурби доллари ИМА дар давоми ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ каме паст шуда, ба ҳисоби миёна дар атрофи 4,86 — 4,88 сомонӣ қарор гирифт. Аз рӯи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар ин давра қурби миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ андаке паст шуда, мувофиқан ба 1513 — 152 ва 6,28-6,30 сомонӣ баробар шуд. Имрӯз қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 4,86-4,88 сомонӣ, дар шаҳри Хуҷанд 4,86-4,87 сомонӣ ва дар шаҳри Қурғонтеппа 4,86-4,88 сомониро ташкил намуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






