Вохӯрии Маҳмудҷон Собиров бо Даниел Бертранд

Июль 25, 2013 10:21

Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар»).-23 июли соли 2013 муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо Сафири Шоҳигарии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Даниел Бертранд (қароргоҳ дар шаҳри Остона) бинобар ба итмом расидани ваколаташ дар ин вазифа мулоқоти хотимавӣ анҷом дод. Зимни суҳбат тарафҳо қаноатмандии худро роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия тайи чанд соли охир изҳор намуда, умедвории худро аз рушд ва таҳкими ин робитаҳо дар оянда баён намуданд. Дар фарҷоми мулоқот муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ ба Даниел Бертранд дар фаолияти ояндаи касбиаш муваффақиятҳо таманно намуд.

Июль 25, 2013 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид