Парлумон санади байни ҲҶТ ва БОР-ро тасдиқ намуд
Душанбе, 17 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Мактуб- Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд /БОР/ оид ба маблағгузории лоиҳаи беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак тавассути рушди алоқаи нақлиётиро имрӯз палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тасдиқ намуд. Руҳуллоҳ Ҳакимов — муовини вазири молияи кишвар зимни тавзеҳи масъалаи мазкур дар назди вакилони Парлумон гуфт, ки санади мазкур 9 апрели соли 2013 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БОР ба имзо расонида шудааст. Мувофиқи ҳисобҳо барои татбиқи ин лоиҳа 2,9 миллион $ амрикоӣ ҷалб шуда, аз ин 2,5 миллион $ амрикоӣ аз ҳисоби Фонди ҷопонии паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳамчун грант, 47 ҳазор $ амрикоӣ аз ҳисоби ҷомеаҳо ва 386 ҳазор $ амрикоӣ саҳми Ҳукумати кишвар аз ҳисоби буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи лоиҳа беҳтар намудани саломатии модару кӯдак дар панҷ ҷамоати деҳоти дурдасти ноҳияи Рашт, воқеъ дар шарқи кишвар, тавассути барқарорсозии роҳҳо ва беҳтар намудани алоқаи нақлиётист. Зикр шуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур дар ин минтақа ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, ки дар сатҳи паст қарор дорад, мусоидат менамояд. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2013 оғоз гардида, дар соли 2016 бояд ба анҷом расонида шавад, афзуд муовини вазири молияи ҷумҳурӣ. Ҳамзамон дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур барқарорсозии пул бо дарозии 66 метр аз болои дарёи Сарбоб ва таъмири 18 километр роҳҳо, ки ҷамоати Навобод, Оби меҳнат, Тагоба, Боқӣ Раҳимзода ва Нусратулло Махсумро бо ҳам мепайванданд, ба анҷом расонида мешаванд. Инчунин татбиқи ин санад ҷиҳати баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси 90% кормандони соҳаи тиб дар минтақаи Рашт дар соҳаи момодоягӣ, нигоҳубини тифли навзод ва интеграл ёфтани бемориҳои кӯдакона мусоидат намуда, беморхонаи деҳоти Навобод бо асбобу анҷоми ёрии таъҷилӣ ҷиҳозонида мешавад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






