Боздиди Р. Раҳимов аз ҷузъу томҳои Раёсати ВКД дар Суғд
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод. Дар доираи боздиди кории худ вазири корҳои дохилӣ бо мақсади бартараф намудани камбудиҳо, ошноӣ пайдо кардан аз фаъолияти хизматӣ, натиҷагирии солона ва ҳолати омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронии ҷузъу томҳои милитсияи вилояти Суғд аз чанд минтақаи маъмурии мақомоти милитсия дидор анҷом дод. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, Рамазон Раҳимов дар шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо шароити хизматии ин ниҳоди мақомоти милитсия аз наздик шинос шуд. Ёдовар мешавем, ки бинои маъмурии шуъба ба наздикӣ мавриди истифода қарор гирифта, бо шароитҳои хуби хизматӣ таъмин мебошад. Рамазон Раҳимов ба корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд дода, ба роҳбарияти шуъба дастуру супоришҳои мушаххас дод.Ҳамчунин дар доираи сафар Рамазон Раҳимов дар бораи мавриди истифода қарор додани бинои нави маъмурии қабулгоҳ-тақсимкунанда барои калонсолони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд иштрок намуда, зимни суханронӣ барои соҳиб шудан ба чунин шароити корӣ масъулини қабулгоҳ ва ҷамъомадагонро табрик намуд ва таъкид дошт, ки ҷавобан ба ғамхориҳои мамлакат фаъолиятро баҳри рафъи кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва падидаҳои номатлубе, ки суботи ҷомеаро халалдор мекунанд, пурзӯр намоянд. Ин иншооти хизматии дуошёна аз утоқҳои корӣ, ошхона, ҳаммом ва ҳуҷраҳои нигоҳдории дастгиршудагон иборат буда, барои боздошт ва муайян намудани шахсияти оворагарду гадоён пешбинӣ шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти лозимии хизматбарӣ, ҷевону курсӣ ва воситаҳои алоқа муҷаҳҳаз мебошанд. Ҳамчунин дар ҷараёни сафари корӣ Рамазон Раҳимов дар маҷлисгоҳи хурди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо ҳайати роҳбарикунандаи ҷузъу томҳо, хадамотҳо ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру вилоятҳои Суғд вохӯрда, ба онҳо дастуру супоришҳои Президенти мамлакатро баҳри беҳдошти самтҳои фаъолияти хизматӣ расонид. Мавсуф ҳайати роҳбарикунандаро ҳидоят намуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини амнияту субот дар минтақа уҳдадориҳои касбиро содиқона иҷро намуда, алайҳи ҷинояткорӣ мубориза баранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






