Давраҳои омӯзишӣ дар Маркази миллии тестӣ
Хоруғ, 31.01.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Муассисаи Давлатии «Маркази миллии тестӣ» дар шаҳру навоҳии ВМКБ давраҳои омӯзишӣ баргузор кард. Дар ин давраҳои омузишӣ, ки дар Литсейи Оғохон баргузор гардиданд, ҷонишинони директор ва омӯзгорони синфҳои болоии шаҳри Хоруғ ширкат доштанд. Ҳадафи асосӣ омода намудани тренер –омӯзгор ва ба низомҳои нави имтихонгирӣ шинос намудани омӯзгорони мактабҳои шаҳру навоҳии вилоят мебошад. Юсуф Ҳасанбеков, намояндаи Раёсати маорифи вилоят ва яке аз масъулини татбиқи низомномаи нави имтиҳонгирӣ дар вилоят гуфт, ки ин марҳилаи ниҳоии давраи омӯзишӣ буд ва баъди як моҳ- аз якуми марти соли равон хонандагон ба инхоби касби ояндаи худ машғул хоҳанд шуд. Қабл аз ҳама хатмкунандагон бояд донанд. ки хуҷҷатҳои худро ба кадом муассисаи олии кишвар месупоранд ва таҳсилро бо кадом забон идома медиҳанд. Онҳое, ки ин курсҳоро хатм кардаанд, дар навбати худ бояд бо волидони хонандагони синфҳои болоӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор кунанд ва бо низоми нави имтиҳонсупорӣ дар муассисаҳои олӣ онҳоро аз наздик шинос намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






