Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Апрель 4, 2014 09:10

Душанбе, 4.04.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Маскав 3 апрел ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гашт. Дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Маҳмудҷон Собиров иштирок кард.
Зимни ҷаласа «Баёнияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД доир ба интихоботи карибулвуқӯи президентӣ дар Афғонистон», «Баёнияи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД оид ба авҷ гирифтани шиддатнокӣ дар шимолу ғарби Сурия» қабул шуданд. Инчунин ҳуҷҷатҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд: «Нақшаи машваратҳои намояндагони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2014 — нимаи якуми соли 2015», «Феҳристи мавзӯи эъломияҳои муштарак барои соли 2014», «Дар бораи дастурамал оид ба ташкили фаъолияти муштараки тарғиботию намоишгоҳӣ дар соҳаи ҳамкориҳои ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ».
Иштирокчиёни ҷаласа инчунин масъалаҳои вобаста ба вазъият дар ҳудуди уҳдадории Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва минтақаҳои атрофи он, такмили ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаи итилоотиро баррасӣ намуданд.
 
 

Апрель 4, 2014 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад