600 миллион сомонӣ барои тараққиёти шаҳри Ваҳдат
Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тараққиёти шаҳри Ваҳдат мунтазам афзуда, дар даҳ соли охир дар маҷмӯъ қариб 600 миллион сомониро ташкил додааст.
Барои рушди иқтисодиёти шаҳри Ваҳдат ва ҳалли масъалаҳои бахшҳои гуногун дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ то имрӯз зиёда аз 300 миллион сомонӣ аз худ гардида, алҳол 8 лоиҳаи дигар ба маблағи 60 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ соли гузашта ба субъектҳои соҳибкориву хоҷагидори шаҳр 142 миллион сомонӣ қарзи бонкӣ дода шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2012-ум 21 фоиз зиёд мебошад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






