Бадахшон дар иҷрои нақша пешсаф аст
Душанбе, 14.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Шурӯъ аз аввали моҳи апрел дар кишвар даъвати навбатии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз гардид.
Ин аст, ки аз 1-уми апрели соли равон ҳамаи раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулини бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ичунин дигар мақомоти масъули соҳа вобаста ба фаъолияти хеш ҷараёни даъватро назорат намуда, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ҷавононро аз муоинаи тиббӣ мегузаронанд. Дар маъракаи даъвати имсола нахустин шуда дар ҷумҳурӣ ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ва баъдан ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд.
Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи ҶТ дар 10 рӯзи ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақша дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 55% ва ин нишондод дар вилояти Суғд беш аз 30%-ро ташкил дод. Дар ин замина вазъи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Хатлон 53%, дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ 44% ва дар чаҳор навоҳи пойтахт он ба 33% баробар мебошад. Умуман аз оғози ин маъраки муҳими сиёсӣ иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 40% -ро дар бар мегирад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






