Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик дар чемпионати Осиё
Душанбе, 21.04.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Аз 18-ум то 23-юми апрели соли равон дар шаҳри Катмандуи кишвари Непал чемпионати Осиё оид ба таэквондо ИТФ ҷараён мегирад. Дар рӯзи аввали чорабинӣ Алишер Ахмедов ва варзишгарбонуи тоҷик Гулрӯ Ҳоҷиева соҳиби медали тилло шуданд. Тибки иттилои ноиби раиси Федератсияи таэквондо ва кикбоксинги кишвар Наргис Набиева, ҳамчунин Парвиз Муродзода ва Гулноз Ҳоҷиева медали нуқра ба даст оварданд.Дар айни замон варзишгарони мо аз рӯи ҳисоби даставӣ ҳам миёни бонувон ва ҳам писарон дар мақоми аввал қарор доранд ва ин зинаҳои ифтихорӣ аз рӯи машқҳои маҷмӯӣ ба даст оварда шудаанд. Ёдрас мекунем, ки барои нахустин маротиба дастаи комил дар ҳайати 50 нафар ба чорабинӣ сафарбар гардид. Бояд тазаккур дод, ки ширкат дар ин сабқат барои варзишгарони мо таҷрибаи хубест дар арафаи чемпионати ҷаҳон аз ин намуд, ки дар назар аст аз 6 то 11-уми август дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






