Фанни нави дарсӣ оид ба муҳоҷират

Апрель 28, 2014 10:31

Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи гузашта кормандони Хадамоти муҳоҷират бо фаъолони ноҳияи Файзобод, аз ҷумла сархатибони масҷидҳо, директорони мактабҳо, раисони ҷамоатҳо, ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрданд.Кормандони хадамот оид ба мавқеи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳони муосир дар асрҳои ХХ ва ХХI, дар бораи тағйироту иловаҳо ба қонунҳои Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар соли 2013-2014, гирифтани иҷозат барои кор, патент, сертификати забондонӣ, суғуртакунонӣ, сабабҳои ихроҷи муҳоҷирон ва дигар мушкилиҳое, ки бо онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми муҳоҷират ба Федератсияи Русия рӯ ба рӯ мешаванд, маълумот доданд.Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи хадамот, директори мактаби №20 Саълиддинов Абдуҷаббор дар мулоқот пешниҳод намуд, ки соатҳои дарси забони русӣ дар мактабҳо бо ҷалби муаллимони забони русӣ бештар карда, китобчаи махсус дар бораи муҳоҷират барои мактабҳои миёна таҳия гардад ва ҳамчун фанни дарсӣ тадрис шавад, то ин ки мактаббачагон пеш аз сафар имконият дошта бошанд, ки тамоми маълумоти заруриро аз худ кунанд. Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо шуъбаи робита бо ҷомеа тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳам дар самти бурдани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолияташонро пурзӯр намоянд.

Апрель 28, 2014 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад