Конфронси академикҳои хурдсол
Хоруғ, 14.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Дар Донишгоҳи такмили ихтисоси касбии омӯзгорони ВМКБ ба номи Тутишо Назришоев конфронси илмӣ-тадқиқотии аъзои Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ чор сол боз фаъолият дорад ва дар айни замон 305 хонанда ба он аъзо мебошад. Мушовири фанҳои математика ва информатика Эраҷ Ҷонмирзоев иброз дошт, ки онҳо ба ноҳияҳои Дарвозу Ванҷу Рӯшон сафар карда, аз байни толибилмон беҳтаринҳоро интихоб намуданд. Ҳоло аъзои академияи хурд дар донишгоҳҳои олии кишварҳои Чин, Русия ва Амрикову Аврупо таҳсил мекунанд.
Дар имтиҳон толибилмонро ба ду гурӯҳ- табиӣ-риёзӣ ва гуманитарӣ ҷудо намуданд ва баъди баррасии мавзӯъҳо 30 нафар толибилмро ба узвияти ин академия пазируфтанд.
Муовини сардори маориф ва илми вилоят Тоҷиддин Орумбеков гуфт, ки аъзои академияи хурд ба тариқи бонус ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд. Агар дар имтиҳон соҳиби 800 хол шаванд, 200 хол ба он илова хоҳад шуд. Ба конфронси ҷумҳуриявӣ 45 нафар аъзои ин академия роҳхат гирифт.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






