Мулоқоти Э. Раҳмон бо котибони шӯроҳои амнияти СҲШ
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки барои иштирок дар Мулоқоти нуҳуми худ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамгироии пурсамар дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки “мо барои рушду густариши робитаҳои судбахш минбаъд низ ҷаҳду талош мекунем”.
Президенти Тоҷикистон таъкид дошт, ки дар шароити нави геосиёсии ҷаҳонӣ таҳия ва қабули Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай барои то соли 2025 аҳамияти басо калон дорад.
Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкими ҳамгироии муштарак бар зидди падидаҳои терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир зоҳир карда шуд.
Бо таваҷҷуҳ ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон таъкид гардид, ки ҳифзи марзи тӯлонии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя бояд бо саҳмгузории муштарак пурзӯр карда шавад.
Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳакории Шанхай аз ҷониби котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои ин созмон “муваффақу босамар” номида шуд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба омодасозии босифати кадрҳо ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






