Рушди ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Хуҷанд ва Швейтсария

Апрель 3, 2014 09:21

 Хуҷанд, 03.04.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад  Шарифзода).-Ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии шимоли кишвар бо ширкатҳои  Швейтсария  рушд хоҳад ёфт. Чунин буд хулосаи яке аз масъалаҳое, ки зимни мулоқоти намояндаи Палатаи савдои Швейсария ва кишварҳои Муштаракулманофеъ Юрий Морару  бо раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баррасӣ шуд. 
Раиси шаҳри Хуҷанд зимни суҳбат минҷумла  доири рушди самтҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд маълумот дода, зикр намуд, ки имрӯз ташкилоту муасиссаҳои шаҳр чанд лоиҳаи муштаракро амалӣ намуда истодаанд. 
Раҷаббой Аҳмадзода дар ин раванд ҷониби Ҳукумати Швейтсария ва соҳибкорони ин кишварро даъват намуд, то дар иҷрои онҳо шарик бошанд. 
Аз ҷумла зимни суҳбат  ҷонибҳо таъкид намуданд, ки  ҳар ду кишвар, ҳам Швейтсария ва Тоҷикистон аз нигоҳи мавқеи ҷуғрофӣ, захираҳои табии, дорои минтақаи кӯҳӣ будан бо ҳам мақоми ҳамсон доранд. 
Дар ин замина, тарафҳо дар доираи рушди ҳамкориҳо дар самти равобити иқтисодӣ, мисли таъсиси корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, истифодаи таҷҳизоти муосири саноатӣ, инчунин табодули таҷриба дар самти рушди сайёҳӣ дар ин минтақаи зебоманзари шимоли Тоҷикистон ва  ривоҷи ҳамкории бештарро аз самтҳои афзалиятнок  баён намуданд. 
 
 

Апрель 3, 2014 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд