Танҳо дар ҳамбастагӣ метавон мубориза бурд
Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ҳафтаи гузашта дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар муқовимат бо коррупсия» бо иштироки намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ва дигар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.
Дар ҷараёни конфронс маърӯзачиён дар мавзӯъҳои «Имплементатсияи меъёрҳои Конвенсияи зидди коррупсия дар қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистон», «Оид ба масоили омилҳои коррупсионӣ дар идораҳои давлатии Тоҷикистон», «Баъзе масоили муқовимати коррупсионӣ», «Ҷараёни амалигардонии сиёсати давлатии Тоҷикистон дар муқовимат бо коррупсия», «Ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ» сухан гуфтанд.
Дар идомаи конфронс миёни ширкаткунандагон мубоҳисаҳои илмӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ сурат гирифта, олимон ва мутахассисони соҳа атрофи чунин зуҳуроти номатлуб андешаҳои худро пешниҳод намуданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






