Забони тоҷикӣ- мояи ифтихори тоҷикон
Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Тавре ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 апрели соли 2013 зикр кард, арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ, яъне забони зебову шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ вазифаи ҳар шаҳрванд аст, зеро забони тоҷикӣ дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ рамзи давлатдорӣ, ҳуввияти миллӣ, кафили мавҷудияти фарҳанги оламшумул ва мояи ифтихори мо — тоҷикон аст.
Забони мо дар марҳалаҳои ҳассоси таърихи халқамон ҳамеша нақши тақдирсоз бозида, аҷдоди бошарафу тамаддунсози моро аз гирдоби ҳаводиси пуртазоди асрҳои миёна то ба имрӯз эмин нигоҳ доштааст.
Ин аст, ки мо дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ оид ба эҳё ва густариши забони давлатиамон силсилаи тадбирҳои судмандро амалӣ намудем.
-Дар баробари ин, мо борҳо иброз доштаем, ки донистани забонҳои дигар, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ барои наврасону ҷавонони мо зарурати воқеии рӯз аст. Аммо ин тамоюл набояд сабаби ба забони шевои тоҷикӣ роҳ ёфтани унсурҳои нозарури бегона гардад. Аз ин рӯ, мо дар оянда низ дар самти ҳифзу гиромидошт, тозагии забони давлатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи он ҳиқдомоти заруриро амалӣ хоҳем кард,-омадааст дар Паёми Сарвари Давлат.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






