Мулоқоти Э. Раҳмон бо раисони ҳарду палатаҳои Парлумони Баҳрайн
Душанбе, 29.05.2014 (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Манома, пойтахти Мамлакати Баҳрайн бо раисони ҳарду палатаҳои Парлумони ин кишвар мулоқотҳои судманд анҷом дод.
Дар вохӯрӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Мамлакати Баҳрайн Халифа ибни Аҳмад Заҳронӣ масоили вобаста ба ҳамкории байнипарлумонӣ, таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии робитаҳои ду кишвар ва роҳҳои татбиқи босамари санадҳои нави баимзорасида баррасӣ шуд.
Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ ва илму фарҳанг ва ҳамчунин ба таъсиси гурӯҳи дӯстии миёни парлумонҳои ду кишвар ҳавасмандии худро таъкид доштанд.
Доир ба ин ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Шӯрои машваратии Ассамблеи миллии (палатаи болоии Парлумони) Мамлакати Баҳрайн Алӣ ибни Солеҳ ас-Солеҳ гуфтугӯйи судманд анҷом дод.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки зимни нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Баҳрайн заминаи воқеӣ барои рушди муносиботи бисёрпаҳлуи дуҷониба гузошта шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






