Шоири ширинкалом ва маҳбуби давр кист?
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Бахшида ба зодрӯзи шоири ширинкалом ва маҳбуби давр Лоиқ Шералӣ дар литсейи №1-и шаҳри Чкалов озмуни шаҳрии «Лоиқхонӣ» гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории озмун дарёфти чеҳраҳои болаёқат, афзун намудани донишу ҷаҳонбинии хонандагон ва гиромӣ доштани ёди шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шералӣ мебошад.
Дар озмун толибилмони ҳафт муассисаи таълимии шаҳр аз рӯи шартҳои ташкили гӯша, газетаҳои деворӣ ва маъруза оид ба ҳаёт ва фаъолияти Лоиқ Шералӣ, қироати порчаҳои назмӣ аз ашъори шоир ва суолу ҷавоб доир ба ҳаёту эҷодиёти шоири ширинкалом иштирок намуданд.
Ҳайати ҳакамон маҳорату малакаи гурӯҳҳоро, ки таҳти номҳои «Дардошнои миллат», «Офтобборон», «Дасти дуои модар» ва монанди ин баромад намуданд, дар алоҳидагӣ баҳогузорӣ карданд. Тибқи хулосаи доварон ҷои аввалро хонандагони гимназияи №2 касб намуданд. Хонандагони литсеи №1 мақоми дуюм ва ҷои сеюмро бо гирифтани холҳои баробар хонандагони мактаби №3 ва гимназияи №1 ба даст оварданд.
Хотирнишон менамоем, ки 20 май зодрӯзи Лоиқ Шералӣ мебошад. Л. Шералӣ аз ҷумлаи шоирони шинохтаи тоҷик буда, аз ӯ китобҳои зиёде, амсоли «Сари сабз», «Илҳом», «Нӯшбод», «Соҳилҳо» бо силсилаи «Рубоиёти Хайём», «Хоки ватан», «Марди роҳ», «Хонаи дил», «Хонаи чашм», «Фарёди бефарёдрас» ба мерос мондаанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






