«Тоҷикистон- кишвари ҷавонон»
Кӯлоб, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Фарҳод Мадаминов).-Аз 17 то 23 май дар шаҳри Кӯлоб ҳафтаи ҷавонон таҳти унвони «Тоҷикистон- кишвари ҷавонон» ҷараён дорад.
Мақсади чорабинӣ тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандустӣ, баланд бардоштани савияи маънавию фарҳангӣ, донишандӯзӣ, ҳурмат ба калонсолон ва хизмати содиқона ба Ватан мебошад. Ҳамчунин Идораи чавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр баргузории як силсила чорабиниҳои мухталиф вобаста ба ин ҷашнро ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла, баргузории озмунҳои «Бонуи чилкокули хатлонӣ», «Саҳми ҷавонон дар рушду нумуи кишвар», «Набзи шеър», ярмаркаи ҷойҳои корӣ, мизи муддаввар таҳти унвони «Ҷавонон- имрӯз ва фардои Тоҷикистон», аёдати ҷавонони маъюб ва дигар чорабиниҳо дар назаранд.
Дар айни замон шумораи умумии ҷавонони шаҳр 58 ҳазору 683 нафарро ташкил медиҳад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






