Вохӯрии Сириҷиддин Аслов бо Сардор Аёз Содиқ
Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз дар Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо раиси Анҷумани миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ баргузор гардид.
Масъалаҳои авлавиятноки густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсат, тиҷорату иқтисод, нақлиёту энергетика, сармоягузории тарҳҳои муштарак, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва вазъият дар Афғонистон дар меҳвари мулоқоти мазкур қарор доштанд.
Ҷонибҳо бо ишора ба наздикии ҷуғрофӣ, муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар, омодагии худро ба таҳким ва тавсеаи бештари муносибатҳои ҳамкорӣ дар тамоми заминаҳо таъкид карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






