Беҳтарин комиссияҳои ҷамъиятии танзим кадомҳоянд?
Душанбе, 11.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ҳафтаи гузашта ҳайати Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ба ноҳияи Рашт сафар намуданд. Аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки гуруҳи корӣ дар семинар-машварат, ки ба 7-умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида шуда буд, иштирок намуда, дар ҷараёни он озмуни “Беҳтарин комиссиияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ”-ро натиҷагирӣ ва ҷамъбаст намуданд. Аз рӯи натиҷаи озмун раиси Кумита Абдураҳим Холиқзода ба намояндагони комиссияҳои доимии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Ашт ва Шаҳритус, комиссияи ҷамъиятии Маркази саломатии №5-и шаҳри Душанбе, Раёсати минтақавии хадамоти гумрук дар ВМКБ ва маҳаллаи Телмани ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе туҳфаҳои арзишманд тақдим намуд. Ба мудирони бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии 6 ноҳияи водии Рашт як ададӣ компютер, принтер ва дигар таҷҳизоти лозима тақдим гардид.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






