Боздошти шаҳрванди сарҳадшикан
Душанбе, 09.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон як ҳодисаи пеши роҳи кӯшиши ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Тоҷикистон гирифта шуд.
Тавре маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванди 22 — сола Садам Қудусов, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатӣ дастгир гардид. Муайян шуд, ки дастгиршуда бо мақсади ҷиҳод намудан, барои шомил шудан ба ҳайати гуруҳҳои “Толибон” ба ноҳияи Панҷ омада, мехост аз ҳудуди ноҳияи мазкур ғайриқонунӣ сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур намуда, ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гузарад.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






