Идомаи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия
Душанбе, 24.06.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Путраҷая, ки пойтахти нави Малайзия ба шумор меравад, омада, бо дастовардҳои намоёни маркази бузурги маъмурии ин кишвари мутараққии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, бевосита шинос шуд.Шиносоӣ бо шаҳри Путраҷая асосан дар Корпоратсияи Путраҷая тавассути брифинг сурат гирифт.Тавре иттилоъ доданд, бунёди шаҳри Путраҷая соли 1996 оғоз ёфта, сабаби асосии ба миён овардани пойтахти нав суръати баланди афзоиш ва зичии аҳолӣ дар шаҳри Куала-Лумпур будааст. Путраҷая, асосан маркази маъмурии Малайзия буда, то имрӯз аллакай аксари кулли вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои марказии давлатӣ, аз ҷумла қароргоҳи кории Сарвазири кишвар, аз шаҳри Куала-Лумпур ба ин ҷо кӯчонда шудааст. Ба хотири ба ҳолати Куала-Лумпур гирифтор нашудани Путраҷая дар ин шаҳр биноҳои истиқоматии аҳолӣ, қариб вуҷуд надоранд.Зимни шиносоӣ ва суҳбатҳои судманд ду ҷониб ба қарор омаданд, ки дар шаҳри Путраҷая Сафорати Тоҷикистон ифтитоҳ ёбад. Ҷониби Малайзия изҳор дошт, ки то бунёд ёфтани бинои алоҳида онҳо ба сафорати мо қароргоҳи муваққатии иҷоравӣ пешкаш мекунанд ва се соли аввал бе пардохти иҷорапулӣ. Дар баробари ин, барои бунёди бинои алоҳидаи Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия замин ҷудо карда шуд, то ки дар муддати кӯтоҳ ин кор анҷом дода шавад.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз ҳамин рӯз эътиборан Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия кори худро шуруъ намояд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз замине, ки барои бунёди сафорат ҷудо шуд, дидан кард, ки масоҳати он беш аз 1 гектар аст. Тавре аён гардид, он дар беҳтарин мавзеи маркази шаҳри Путраҷая қарор доштааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷониби Тоҷикистон дастур дод, ки сохтмони бино бетаъхир оғоз ёбад.Шиносоӣ бо шаҳри Путраҷая ҳамчунин дар Маркази ҳамоишҳои байналмилалии он идома ёфт.Имрӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар Донишгоҳи Лимкоквинги шаҳри Путраҷая бо устодону донишҷӯёни он ва донишҷӯёни тоқик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия таҳсили илм мекунанд, мулоқот доир мекунад. Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия иштирок хоҳад дошт.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






